ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

20 Августи 2021, Ҷумъа

ш.Душанбе. 20.08.2021. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тарҳу шакли муосир дар маркази пойтахт бо ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қомат афрохт, аз зумраи иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои имконоти фарохи фаъолият барои тамоми кормандони Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи Вазорати молияи мамлакат аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои фароҳамовардашуда дар бинои нав, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави Вазорати молияро туҳфаи арзишманди роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон ба ҳайати кормандон дар арафаи ҷашни муҳиму муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд.
Фармоишгари иншоот «Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бино дар асоси лоиҳаи ҶСК «ПИЛҶСАНИИОСП» қомат афрохт. Барои анҷоми тадбирҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳташам мутахассисони даҳҳо ширкатҳои ватанӣ ҷалб гардиданд.
Бино аз 11 ошёна, 2 даромадгоҳи асосӣ ва 7 даромадгоҳи ёридиҳанда иборат аст. Дар таҳхонаи бинои нави Вазорати молия таваққуфгоҳ барои автомашинаҳо, ҳуҷраҳои техникии системаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, сарднамоӣ, барқи камшиддат ва таҷҳизоти қуввагӣ, ҳуҷраи тақсимоти оби нӯшокӣ бо пойгоҳи автоматӣ ва ҳуҷраи мудофиаи гражданӣ ҷойгир карда шудааст.
Дар бино ошхона барои 120 ҷой, ҳуҷраю утоқҳои кории раёсатҳо, қабули шаҳрвандон, нуқтаи тиббӣ, толори компютерӣ, толорҳои маҷлис, Раёсати молияи шаҳри Душанбе ва кормандони дигар ташкилоту корхонаҳои зертобеи Вазорати молия, ки то имрӯз макони мувофиқи фаъолият ва шароити мусоиди кор надоштанд, ҷойгир карда шудааст. Толори муҳташаму барҳавои маҷлисгоҳ барои 300 ҷойи нишаст, толори машқ, қаҳвахона ва боғи зимистона аз имкониятҳои дигари бинои нави Вазорати молия мебошад, ки ҳамагӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудаанд.
Зикр гардид, ки татбиқи муваффақонаи сиёсати молиявӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда, дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими миллӣ нақши назаррас мегузорад. Айни ҳол новобаста аз шароити мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти мамлакат, мақомоти молияи кишвар фаъолияти худро баҳри таъмини дастрасии молиявӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт идома медиҳанд.
Пешвои миллат зимни ошноӣ бо шароитҳои иншооти тозабунёд, ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз кормандони Вазорати молия даъват ба амал оварданд, ки бо дасту дили пок вазифаҳои хизматии худро анҷом дода, дар тадбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ҳиссагузорӣ кунанд.
Кормандони мақомоти молия низ дар навбати худ нисбат ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлати Тоҷикистон бобати тақвияти низоми молиявии кишвар ва ба истифода додани бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз зеботарин иншоотҳо дар маркази ҷумҳурист, арзи сипосу миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд.
Баъд аз шиносоӣ бо шароитҳои бинои тозабунёди Вазорати молия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои вазорат бо кормандони Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони сарраёсату раёсатҳои он мулоқот анҷом доданд. Пешвои миллат ширкаткунандагони ҳамоишро бо фарорасии солгарди 30-юми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҳният гуфта, бунёди бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро самараи суботи сартосарӣ ва ваҳдату ягонагии миллат арзёбӣ намуданд. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат фаъолияти сохтори молияи кишварро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дастовардҳои ин сохторро натиҷаи талошҳои кормандони соҳа арзёбӣ карданд ва бобати рафъи камбудиҳои боздорандаи рушди соҳа ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед