Тоҷикӣ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ВОХӮРӢ БО ҲАЙАТИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ

24 Августи 2021, Сешанбе

ш.Душанбе. 24.08.2021. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро таҳти сарварии Директори минтақавии Бонк дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Татяна Проскурякова ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маҳаки асосии вохӯриро масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти обтаъминкунӣ ва корезӣ, инчунин рушди низоми рақамӣ дар шаҳри Душанбе ташкил дод.
Дар вохӯрӣ ҷаноби Озан Севимли ба ҳайси Намояндаи нави доимии Бонки Умуиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Ҷонибҳо раванди татбиқи Лоиҳаи нави обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанберо мусбат арзёбӣ карданд.
Дар сурати сари вақт амалӣ намудани Лоиҳа беш аз 120 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз хизматрасонии беҳтаркардашудаи таъминоти об ва корезӣ баҳра бурда, талафоти оби нӯшокӣ кам мегардад ва шумораи садамаҳо дар шабакаи обрасонӣ ва корезӣ коҳиш меёбад.
Иштирокчиёни нишаст ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таъминоти оби нӯшокӣ ва раъфи партовобҳо атрофи лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва корезӣ табодули назар намуданд.
Дар ин робита, масъалаи бунёди иншооти нави корезию обтозакунӣ бо иқтидори 500 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз ва сохтмони "Иншооти обтозакунии Варзоб" бо иқтидори 275 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз муҳокима гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин мавзӯоти марбут ба ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки Умумиҷаҳониро дар самти татбиқи босамари лоиҳаҳои банақшагирифтаи Корхонаи воҳиди давлатии "Шаҳри ҳушманд (Smart City)" баррасӣ намуданд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ қарор доданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои барои ҳару ду ҷониб муфидро дар соҳаҳои барои тарафайн мусоид идома дода, Лоиҳаҳои нави муштаракро роҳандозӣ намоянд.
Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед