Тоҷикӣ

ЭЪЛОН: ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

27 Августи 2021, Ҷумъа
 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки дар робита ба гузаронидани тамринҳои сафороӣ ва Паради ҳарбӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 09.08.2021, №470, ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи Бухоро то назди чойхонаи Роҳат) ва хиёбони И. Сомонӣ (аз хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Шероз), кӯчаи Шоҳтемур (аз буруиши кӯчаи М. Турсунзода то буриши кӯчаи Шероз ва кӯчаи Теҳрон) аз 28 август то 7 сентябри соли 2021 аз соати 18:00 то 23:00 пурра қатъ мегардад.
Ҳаракати автобусҳои хатсайрҳои №№3, 8, 33, 37, троллебуси №1 микроавтобусҳои №№8, 12 ва 16 тариқи кӯчаи Мирзо Тусунзода ва ҳаракати автобуси хатсайрҳои №№1, 18 тавассути кӯчаи Саид Носир, хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба роҳ монда мешаванд.
Аз ин лиҳоз, аз ронандагони ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат истифода баранд.

Илова кунед