Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №504 АЗ 23.08.2021

28 Августи 2021, Шанбе

Дар бораи табдил додани Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ба Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»

Бо мақсади ташкили низоми таҳлилӣ ва иттилоотии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ва мутобиқ намудани он ба талаботи муосир, инчунин таъмини самаранокӣ дар рушди маорифи пойтахт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 58 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ”                               

ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бо роҳи азнавташкилдиҳӣ ба Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» табдил дода шавад.
  2. Оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ва ҷадвали воҳидҳои кории он тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
  3. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»-ро ҳал намояд.
  4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе тибқи муқаррарот маблағгузории воҳидҳои кории Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»-ро аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф ҷудошуда, аз 1 январи соли 2022 амалӣ намояд.
  5. Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Корхонаи фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳри Душанбе ба маълумотҳои бақайдгирӣ тағйироти дахлдор ворид намоянд.
  6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
  7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                                                                                                                            РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

 

Илова кунед