ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ДУШАНБЕ-ПОЙТАХТИ САЙЁҲИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ” ВА ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “РУШДИ АГРОТУРИЗМ ДАР ТОҶИКИСТОН
29 Августи 2021, Якшанбе
ш.Душанбе. 29.08.2021. Дар шаҳри Душанбе бо ташаббусу дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии “Душанбе-пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ” ва Форуми байналмилалии “Рушди агротуризм дар Тоҷикистон” бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони вазорату идораҳо, котиботи СҲИ, намояндагони мақомоти сайёҳии кишварҳои Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе баргузор гардид.
Дар оғози расмии Фестивали байналмилалии “Душанбе-пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ” раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва муовини Котиби Генералии СҲИ Ҷандос Асанов суханронӣ намуданд. Инчунин паёми Котиби Генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили тариқи видеоӣ намоиш дода шуд. Қайд бояд намуд, ки дар идомаи фестивали мазкур Сертификати эълон гардидани “Душанбе-пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲИ” ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ супорида шуд.
Бояд зикр намуд, ки дар идома Форуми байналмилалии “Рушди агротуризм дар Тоҷикистон” баргузори гардид. Дар оғози Форуми мазкур раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода сузанронӣ намуда, оид ба дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва зарфиятҳои агротуризм дар Тоҷикистон ба ҳозирин маълумот дод. Дар кори Форум ҳамчунин муовини Котиби Генералии СҲИ Ҷандос Асанов баромад намуд.
Сипас тибқи барномаи ҳамоиш мақомоти сайёҳии давлатҳои Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия ва Туркманистон оид ба рушди агротуризм дар кишварҳояшон тариқи рӯнамо маърӯза намуданд. Дар анҷоми Форум мавзӯъҳои матраҳгашта миёни иштирокчиён муҳокима ва рушди минбаъдаи агротуризм дар кишварҳои аъзои СҲИ масъалагузорӣ гардид.