ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР ПОЙТАХТ БОМАРОМ ИДОМА ДОРАД
31 Августи 2021, Сешанбе
ш.Душанбе. 31.08.2021. Дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Душанбе корҳои ободониву созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор бинову иншооти маишӣ ва марказҳои хизматрасонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар баробари дигар ноҳияҳои пойтахт дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе низ бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ин навбат ифтитоҳи 9 иншоот сурат гирифт.
Дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва додани имтиёзҳои фаррох барои рушди соҳибкории хурду миёна имрӯзҳо дар кишвар сохибкоронро рӯҳбаланд намуда, дар бунёди ҳама намуди коргоҳу корхона ва муассисаи хизматрасонӣ дар шаҳру деҳот саҳми хешро мегузоранд. Бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиронии маркази савдою хизматрасонӣ, дар заминаи бинои 3-ошёнаи бисёрҳуҷрадор, воқеъ дар кӯчаи С.Айнӣ 21/17 аз ҷумлаи биноҳое мебошад, ки имрӯз бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ба истифода дода шуд. Ҳамчунин дар ин рӯз бо иштироки масъулини сохторҳои болозикр дар кӯчаи Бухоро 31-и ноҳия бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиронии маркази савдю хизматрасонӣ ба истифода дода шуд. Маврид ба зикр аст, ки бинои мазкур аз ҷониби ҶДММ “Бухоропалас” дар муҳлати муайянгардида дар масоҳати 6 ҳазору 244 метри мураббаъ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар кучаи Пӯлодӣ 19 ва Мирзо Турсунзода 10-и ноҳияи Шоҳмансур Маҷмааи бисёрфунксионалии баландошёна бо ҷойгиршавии меҳмонхонаи замонавӣ, биноҳои истиқоматӣ ва маркази савдою хизматрасонӣ ба истифода дода шуд.
Дар ин рӯз инчунин дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби ҶДММ “Сарманзил” ҶДММ “Авитсена”, ҶДММ “Бахт-З” ва ҶДММ “Шаҳри зебои мо” якчанд бинои баландошёна фароҳам бо шароитҳои зисту зиндагонии сокинон аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ифтитоҳ гардид. Биноҳои мазкур дорои шароити хуби зисту зиндагӣ барои сокинон буда, дар таъмини ободии як гӯшаи шаҳри азизамон мусоидат менамояд. Инчунин дар таҳхонаҳои биноҳои мазкур таваққуфгоҳ бо ғунҷоиши шумораи зиёди автомобилҳо сохта шудааст.
Зимни шиносоӣ аз ин биноҳо ҳозирин ба соҳибкорон ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб сохта ба истифода додани ингуна бинои зебову назаррабо дар як гӯшаи пойтахт изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар ин рӯз бо иштироки масъулин як Маркази савдо воқеъ дар кӯчаи Зебуниссои ноҳия низ ба истифода дода шуд, ки дар он то 50 нафар соҳибкор бо кор таъмин карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба соҳибкорон аст, ки имрӯз дар кишвар алалхусус шаҳри Душанбе корҳои сохтмонии биноҳои баландошёна бо маром ҷараён дошта, пойтахти азизамон ба як макони диданӣ ва зебо табдил ёфтааст.