ОҒОЗИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "МАДАНИЯТИ АНДОЗСУПОРӢ-БАҚОИ БОФАРҲАНГИИ ҶОМЕА"

17 Сентябри 2021, Ҷумъа

Тавре ки ҳамагон медонанд, бо ибтикорот ва ташаббусҳои созандаю муфиди роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хосса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тӯли чанд муддат мешавад, ки аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҳикистон дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Маданияти андозсупорӣ - бақои бофарҳангии ҷомеа» доир гардида истодааст.
Инак, баъд аз ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни мазкур санаи 17 - уми сентябри соли 2021 дар Раёсати андози шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз гардид, ки дар он ҳамагӣ 24 нафар ғолибони даври аввал аз 4 ноҳияи пойтахт иштирок намуданд.
Ин озмун дар ду номинатсия ва 3 давр баргузор гардида, ин навбат дар Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмун сурат гирифт.
Нахуст, ҳайати ҳакамон бо намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, масъулини Сарраёсати маориф, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт аз расмҳои тасвирнамудаи ғолибони даври ноҳиявӣ аз рўи номинатсияи «Андоз аз нигоҳи наврасон» дидан намуда, ба расмҳои ғолибон баҳогузорӣ намуданд. Бояд гуфт, ки дар ин номинатсия 12 нафар хонанда бо расмҳои беҳтарини хеш ширкат доштанд.
Дар номнатсияи дуюм устодону донишҷуёни муассисаҳои олии таълимӣ, сокинони касбу кори гуногун ва соҳибкорон ширкат намуданд, ки он «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» унвон дошт. Ғолибони даври ноҳиявӣ, ки ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд, бо ҳакамон доир ба кодекси андоз саволу ҷавоб намуданд.
Дар Озмун, ки бевосита муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва мутасаддиёну масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ширкат доштанд, муфассал андешаронӣ намуда, доир ба аҳамияти ин чорабинии муфиди иқтисодию маърифатӣ андешаҳои ниҳоят самарабор иброз доштанд.
Зимни суханронӣ дигар аъзои ҳакамон ва ҳозирин Озмуни мазкурро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати андозсупории сокинони ҷумҳури василаи хуб ва муфид арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз назарсанҷии ҳайати ҳакамон ғолибони даври шаҳрии Озмун муайян карда шуданд, ки санаи 21 - уми сентябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати андози шаҳри Душанбе бо Диплом, Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед