Тоҷикӣ

ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДӮСТИИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОНИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ – «ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ»

21 Сентябри 2021, Сешанбе

ш.Душанбе. 21.09.2021. Субҳи имрӯз дар толори Кохи «Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Дар меҳмонии Душанбе» баргузор гардид.
Фестивали мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе №513, аз 30 августи соли 2021 «Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – “Дар меҳмонии Душанбе» ташкил карда шудааст.
Тазаккур бояд дод, ки Фестивал бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бори аввал дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо дар доираи эълон гардидани “Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод – 2021” рӯзҳои 20-24 сентябри соли 2021 гузаронида мешавад.
Фестивали мазкур кӯдакону наврасонро аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ба ҳам овард.
Дар маросими ифтитоҳи Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Дар меҳмонии Душанбе» муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба иштирокдорони он ироа намуданд. Ҳамзамон қайд карданд, ки «Фестивали мазкур нахустин иқдоми фароҳамоварандаи шароити дӯстона миёни насли наврас дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, он аз сиёсати инсондӯстона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, тарғиби арзишҳои инсонпарварона, сулҳу ваҳдат, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба урфу одат ва фарҳангу тамаддуни ҳамдигарӣ, табодули маълумот ва таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ аз ҳадафҳои асосии он ба шумор мераванд».
Инчунин қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ доир намудани Фестивали мазкур тамоми чораҳоро пешбинӣ намуда, барномаи онро бо дарназардошти ташкили сайёҳату дидорбиниҳо аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, таълимиву маърифатӣ ва муаррифии шоистаи инфорасохтори шаҳрдорӣ ба сифати пойтахти фарҳангӣ ва шаҳри дорои имконоти фаррохи рушди кӯдакон омода намудааст.
Пас аз қисмати расмии ифтитоҳи Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Дар меҳмонии Душанбе» барои иштирокдорони он барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Дар меҳмонии Душанбе» то 24 сентябр идома ёфта иштирокчиён аз Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ ва дигар ҷойҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт дидан менамоянд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед