ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАДАНИЯТИ АНДОЗСУПОРӢ - БАҲОИ БОФАРҲАНГИИ ҶОМЕА» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

21 Сентябри 2021, Сешанбе

ш.Душанбе. 21.09.2021. Имрӯзҳо маҳз бо дастгирию иқдомоти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хосса бо ибтикороту ташаббусҳои созандаю муфиди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳар гуна конфронсу фестивал ва озмуну чорабиниҳои мухталифи сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ вусъат мегиранд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Маданияти андозсупорӣ - баҳои бофарҳангии ҷомеа» дар ду номинатсия ва 3 давр баргузор гардида, қисмати ҷамъбастии он низ дар толори маҷлисгоҳи Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ҳайати ҳакамон бо намояндагии масъулину мутасаддиёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи андози назди Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон ба расмҳои тасвирнамудаи ғолибони даври шаҳрӣ аз рӯи наминатсияи «Андоз аз нигоҳи наврасон» ва номинатсияи дуюм, ки дар он устодону донишҷуёни муассисаҳои олии таълимӣ, сокинони касбу кори гуногун ва соҳибкорон ширкат намуданд - «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи адолату ҳақиқат баҳогузорӣ намуданд. Бояд гуфт, ки дар ҳарду номинатсия 12 нафарӣ ширкат доштанд.
Дар даври ҷамъбастии Озмун муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода муфассал андешаронӣ намуда, хулосаҳои ҳайати ҳакамонро баён дошта, доир ба аҳамияти ин чорабинии ниҳоят муфиди илмию иқтисодию маърифатӣ андешаҳои ниҳоят хубу самарабор иброз доштанд. Зимни ҷамъбасти чорабинӣ дигар аъзои ҳакамон низ андешаҳои хешро одилона изҳор карда, Озмуни мазкурро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати андозсупории сокинони ҷумҳури василаи хуб ва муфид арзёбӣ намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки пас аз назарсанҷии дақиқи ҳайати ҳакамон ғолибони даври шаҳрии Озмун муайян карда шуданд.
Ҳамин тариқ, дар номинатсияҳои мухталифи Озмун ҷойҳои аввалро: Сӯҳроб Муродхоҷазода ва Фирдавс Каримов ноил гашта, дорои Диплом ва 3 ҳазор сомонӣ; ҷойҳои дуввум - Шириншоҳ Қурбоналиев, Шамсиддин Ризозода, Файзигул Икромова дорои Диплом ва 2,5 ҳазор сомонӣ; ҷойҳои саввумро Тоҳир Исломов, Аслам Саидов, Пак Темирлан ва Амир Алимадов мушарраф гашта, дорои Диплом ва 2 ҳазор сомонӣ гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявӣ «Маданияти андозсупорӣ - баҳои бофарҳангии ҷомеа» низ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ҷамъбаст гардид.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед