ОҒОЗИ ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ ҶАВОНОНУ ВАРЗИШГАРОНИ ПОЙТАХТ

22 Сентябри 2021, Чоршанбе

Бахшида ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дуюмин “Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт” таҳти унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!”, ки аз 22 то 27 сентябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, оғоз гардид. Оғози фестивали мазкур дар МД Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир гардид.
Фестивал миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, қисмҳои ҳарбию низомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе роҳандозӣ карда шудааст.
Сараввал намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои шаҳрӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон ва дигар масъулин аз намоиши дастовардҳои варзишии муассисаҳои варзишӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, қисмҳои ҳарбию низомии шаҳри Душанбе дидан карданд.
Зимни суханронии намояндагон дар маросими ифтитоҳии “Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт” иброз гардид, ки имрӯзҳо шароити хуби варзишӣ барои наврасону ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буд, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе майдончаҳои зиёди варзишӣ ва маҷмааҳои калони варзишӣ бо муосиртарин шароит сохта ба истифода дода шуданд. Аз ин рӯ ҷавононро мебояд аз имкониятҳои дар дастдошта истифода намуда, парчамбардори Ватану миллати хеш бошанд.
Дар идома барномаи театрикунонидашудаи варзишӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Бино ба маълумоти масъулин, санаи 27 сентябри соли 2021 дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе ҷамъбасти Фестивали мазкур ба нақша гирифта шуда, дар ҳар як намуди варзиш ғолибон бо медалу диплом, тӯҳфа ва ҷомҳо, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омода гардидаанд, сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад. Ҳамин аст, ки варзишгарони тоҷик бо истифода аз имконоти дар дастдошта барои баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳон дар талошанд ва ин талошҳо самараи хуб ба бор овардааст.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед