Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ТОП-30 НАВРАСИ МУВАФФАҚ ВА МАЪРУФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

22 Сентябри 2021, Чоршанбе

ш.Душанбе. 22.09.2021. Шоми имрӯз дар амфитеатри «Боғи кӯдакон»-и пойтахт дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Маросими ҷоизасупории ТОП-30 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе, бо ширкати кӯдакону наврасони эҷодкору соҳибистеъод, падару модарон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва иштирокчиёни Фестивали дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ-«Дар меҳмонии Душанбе» ташкил ва гузаронида шуда.
Дар чорабинии мазкур нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба иштирокдорон ва барандагони ҷоизаи ТОП-30 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе ироа намуд. Муовини раиси шаҳри Душанбе зимни суханронии хеш баргузории чорабинии мазкурро идомаи мантиқии ташаббусҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти дарёфт ва ҳавасмандгардонии наврасони соҳибистеъдод ва эҷодкор маънидод намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки таъсиси ҷоизаи ТОП-30 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе давоми мантиқии иқдомоти мазкур дар самти дарёфт, муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони соҳибистеъдоди пойтахт арзёбӣ гардида, он дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Мавриди тазаккур аст, ки ташкили чунин маросимҳои ҳавасмандгардонӣ дар дигар кишварҳо, чӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва чӣ аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳукми анъана даромада, баргузориаш барои синну соли наврасон дар кишвари мо таҷрибаи нахустин ба шумор рафта, амалигардонии он аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомоти наҷибу муассири шаҳрдорӣ, ба хусус Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дарёфт ва ҳавасмандгардонии насли наврасу ҷавони эҷодкору соҳибистеъдод маншаъ гирифта, давоми мантиқии ташаббусҳои созанда дар ин самт маҳсуб меёбад.
Сипас, дар рафти чорабинӣ ба барандагони ҷоизаи ТОП-30 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе диплому ҷоиза ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.
Дар фарҷом ба ифтихори ғолибони ҷоизаи нахустини ТОП-30 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед