МУЛОҚОТИ ВАСЕИ ҲАЙАТҲОИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СЕНАТИ ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

23 Сентябри 2021, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 23.09.2021. Дар доираи барномаи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон, нимаи дуюми рӯз музокироти васеи ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардида, зимни он масъалаҳои рушду тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Нахуст Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон изҳор сипос карданд.
Дар рафти мулоқот вазъи имрӯзаи робитаҳои байнипарламентӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Сенати Парламенти Қазоқистон ба таври муфассал муҳокима карда шуданд.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Парламенти Қазоқистон дар доираи Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Муcтақил ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, ҷонибдори боз ҳам фаъол гардонидани ин робитаҳо мебошад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ саъю талоши бисёрсола ва нақши муассири роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистону Қазоқистонро дар самти таҳкиму густариши муносибатҳои ҳасана ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории дуҷониба басо муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушду густариши муносибатҳои ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбиву техникӣ табодули андеша карданд.
Новобаста аз вазъи мураккаби эпидемиологӣ ҳаҷми гардиши мол дар байни ду кишвар дар соли 2020 ба нишондиҳандаи як миллиард доллари ИМА наздик шуда, соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ба сад миллион доллар афзудааст.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз тамоили мусбати рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар ин самт иқтидору захираҳои ду кишвар ҳанӯз ба пуррагӣ мавриди истифода қарор дода нашудаанд.
Дар баробари ин ҳавасмандии ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, рушди сайёҳӣ, маориф ва дигар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ изҳор карда шуд.
Зимни мулоқот вазъияти мураккабу хатарзо дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуда, зикр карда шуд, ки он на танҳо мушкилии мардуми афғон, балки тамоми минтақа ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки барои ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилоти Афғонистон қабл аз ҳама таъсис додани ҳукумати фарогир шарти зарурӣ ба ҳисоб меравад.
Дар робита ба вазъи мураккаби кишвари ҳамсояи Афғонистон зарурати таҳкими ҳамкории ҳарбию техникӣ ҳамчун яке аз масъалаи умда ва афзалиятнок шуморида шуд.
Дар поёни гуфтушуниди ҳайатҳо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозии нек изҳори сипос карда, аз Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.
Пас аз мулоқоти ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон маросими баимзорасонии Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Санади мазкурро аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев ба имзо расониданд.
Қобили зикр аст, ки тибқи созишномаи баимзорасонидашуда дар қатори дигар масоили ҳамкорӣ бо мақсади тавсеаи муносибатҳои байнипарламентии палатаҳои болоии парламентҳои Тоҷикистону Қазоқистон, таъсиси Комиссияи доимоамалкунанда пешбинӣ гардидааст.
Тайи ин солҳо робитаҳои парламентӣ ва байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз тарафи гурӯҳҳои дӯстӣ амалӣ карда мешаванд ва таъсиси ин мақоми нави корӣ ба тақвияту густариши ботадриҷи ин муносибатҳо мусоидат хоҳад кард.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед