БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ АЗ ПАЖӮҲИШГОҲИ ТАДҚИҚОТИВУ ЛОИҲАКАШИИ "АСТАНАГЕНПЛАН"
23 Сентябри 2021, Панҷшанбе
Пас аз мулоқот бо Ҳокими шаҳри Нур-Султон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Пажӯҳишгоҳи тадқиқотиву лоиҳакашии «АстанаГенплан» боздид ба амал оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки мақсади асосии фаъолияти Пажӯҳишгоҳи тадқиқотиву лоиҳакашии «АстанаГенплан» баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва тақвияти нақши илми ҳуқуқ дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ширкат дар таъмини баҳисобгирии ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Қазоқистон, пешбурди Феҳристи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Қазоқистон, Бонки намунавии назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Қазоқистон, базаи ягонаи маълумоти тадқиқоти таҳлиливу иҷтимоии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ва таъмини фаъолияти низоми иттилоотӣ, ки ба дастрасии мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба иттилои ҳуқуқӣ бо истифода аз технологияҳои компютерӣ мусоидат менамояд, ба ҳисоб меравад.