ШИРКАТ ДАР МАРОСИМИ ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОСИ БИНОИ НАВИ САФОРАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

24 Сентябри 2021, Ҷумъа

Субҳи 24 сентябр дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳамроҳии Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев дар шаҳри Нур-Султон дар маросими гузоштани санги асоси маҷмааи биноҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маҷмааи биноҳои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иҷрои амалии «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб рафта, он дар яке аз гӯшаҳои зебову дилписанди шаҳри Нур-Султон, дар кӯчаи ба номи Анатолий Храпатий дар масоҳати 1,0 га. бунёд мегардад.
Лоиҳаи иншооти бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистонро ҶСК «Шаҳрофар»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, он аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Тибқи лоиҳа маҷмааи биноҳои Сафоратхона аз бинои 5- ошёнаи Сафорат бо масоҳати 3939,6 метри мураббаъ, бинои консулгарӣ бо масоҳати 446,4 метри мураббаъ, қароргоҳи сафир бо масоҳати 713,4 метри мураббаъ, хонаи истиқоматии 6-ошёна барои кормандон бо масоҳати 2517,2 метри мураббаъ, толорҳои зиёфат ва маҷлис дар масоҳати 648 метри мураббаъ, гузаргоҳҳои назоратӣ, таваққуфгоҳ, майдончаи варзишӣ ва нуқтаҳои техникӣ иборат мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки муносибатҳои дипломатии байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шуданд.
Хусусияти хоси муносибатҳои муосири Тоҷикистону Қазоқистон сатҳи баланди эътимоди мутақобил, шарикии стратегӣ ва наздик будани мавқеъҳо дар мавриди аксари масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.
Сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвари дӯст дар заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ собит ёфтааст, ки беш аз 100 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, моҳи январи соли 1993 ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон санади бунёдӣ — Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.
 
 
 
 
 
 

Илова кунед