Тоҷикӣ

МАРҲАМАТ БА DUSHANBE SUMMER FESTIVAL-2021

25 Сентябри 2021, Шанбе

ш.Душанбе. 25.09.2021. Имрӯз ва фардо дар Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бо иштироки се ситораи эстрадаи Шарқ — Юлдуз Усмонова, Арон Афшор, Ҳамид Ҳирод ва сарояндаҳои машҳури Тоҷикистон «Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)» бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Ба ин муносибат овозхони маъруфи эронитабор шоми дирӯз ба пойтахти кившар ворид гардиданд.
Ҳамзамон бо ин Орун Афшор, овозхи машҳур низ ҷиҳати иштироки дар Фестивали тобистонаи Душанбе ба пойтахти кишвар ташриф овард. Ин овозхонро нахустин сафараш ба шаҳри Душанбе ва Тоҷикистон аст ва аз баргузории Фестивали тобистонаи Душанбе дар назар аст, ки хотироти хубро ба худ барад.
Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти сайёҳӣ, инчунин дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе «Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ — 2020-2021» ва «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 2021» баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки аввалин фестивали тобистона дар пойтахт 18-19 августи соли 2018 баргузор шуда буд. Дуюмини он моҳи августи соли 2019 доир гардид. Сокинон ва меҳмонони арҷманд, ҳамаи шуморо шоми имрӯз дар МД Наврӯзгоҳи пойтахт интизорем.

Илова кунед