ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ПОЙТАХТ

02 Октябри 2021, Шанбе

ш. Душанбе. 02.10.21. Субҳи имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе дар толори Кохи “Суруш” – и пойтахт ба муносибати Рӯзи омӯзгор чорабинии идонаи бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, кормандону собиқадорони соҳаи маорифи пойтахт иштирок карданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалиро ироа намуда, омӯзгорону кормандони соҳаи маорифи пойтахро ба муносибати Иди касбиашон табрик намуд.
Инчунин, зикр намуд, ки “Давлату ҳукумати мамлакат, шахсан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро ҳамеша аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоӣ қарор дода, барои татбиқи амалии он ва таъмин намудани шароити ҳарчи беҳтар барои омӯзгорон ва наслҳои наврас ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад”.
Дар тарбияи насли оянда ва ба воя расонидани нерӯи тавонои ватандӯсту ватанпарвар нақши омӯзгор бениҳоят бузург мебошад.
Дар фарҳанги мардуми тоҷик таваҷҷӯҳ ба омӯзиши илму дониш ва арҷгузориву эҳтироми устоду омӯзгор аз куҳан мавқеи хоса дошта, нақши омӯзгор дар радифи намояндагони дигар касбу пешаҳо барои то ба имрӯзу ин сатҳ расидани миллати тоҷик басо бузург буда, ояндаи неки ҷомеа ба пешравӣ ва рушду такомули соҳаи маориф пайванди ногусастание дорад. Зеро рушди фарҳангу маънавиёт ва тарбия намудани ворисони ҳақиқии давлату миллат, пеш аз ҳама, аз фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва заҳмати содиқонаи устоду омӯзгор вобаста мебошад.
Аҳли маориф ба туфайли таълиму тарбия ва ирсоли донишу маърифату заковат аз насл ба насли дигар барои нигоҳ доштани асолат ва покии забон, хирад, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ саҳмгузорӣ намуда, барои ба камол расонидани насли бедорфикру босавод, ватандӯсту худогоҳ ва пешоҳангу бонангу номус ҳамарӯза фаъолият менамоянд.
Зимни баргузории чорабинӣ аз ғамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид гардида, қайд карда шуд, ки дар давраи солҳои 2017-2021 29 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 22866 ҷои нишаст дар як баст ва 11 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои 2270 кӯдак бунёду азнавсозӣ ва аз таъмири капиталӣ бароварда шудаанд, ки маблағи умумии онҳо 752 млн. 561 800 сомониро ташкил медиҳад.
Сипас, дар рафти чорабинӣ бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгорони шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ сазоворгардида, тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа бахшида ба «Рӯзи омӯзгорон» мутобиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 1 октябри соли 2021, таҳти №573 “Дар бораи ҳавасмандгардонии омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе” 79 нафар омӯзгор бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 (се ҳазор) сомонӣ ҳар кадом ҳавасманд карда шуданд.
Илова бар ин, як гурӯҳ пешсафони соҳа бо Ифтихорномаи Раиси шаҳри Душанбе, нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар рафти чорабинӣ аз дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомоти созандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимӣ дар пойтахт аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ низ ба таври шоиста ёдовар гардида, ба соҳибкороне, ки дар ин самт аз худ фаъолнокӣ нишон доданд, туҳфаҳои ёдоварии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.Ҳамчунин ба зиёда аз 40 нафар собиқадорони соҳаи маорифи пойтахт, ки дар рушду пешрафти маорифи пойтахт, аз ҷумла бунёди муассисаҳои типи нав, ҷорӣ кардани навгониҳо, таҳияи барномаҳои таълимӣ, таълиму тадриси насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, омода намудани кадрҳои болаёқат ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ нақша назаррас доранд, армуғонҳои идона тақдим гардида, меҳнати содиқона ва софдилонаи онҳо дар рушди соҳаи маорифи шаҳри Душанбе қайд карда шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат мунтазам ба масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгорон ва нақши онҳо дар рушди нерӯи инсонӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, дар баробари ин, аз устодону омӯзгорон масъулиятро барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ба шогирдон амиқ омӯхтани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, фанҳои дақиқ ва малакаи кор бо техника ва технологияҳои муосир ва умуман, тарбияи шахсиятҳои ҳамаҷониба пешрафтаро тақозо менамояд.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 11080 нафар омӯзгорону устодон ба таълиму тарбияи 268 ҳазору 55 нафар хонандагон машғул мебошанд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед