ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

05 Октябри 2021, Сешанбе

 
ш.Душанбе. 05.10.2021. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷуҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии фарҳангӣ таҳти унвони “Забони миллат-ҳастии миллат” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон, масъулин ва намояндагони вазорату идораҳо, сохтору ниҳодҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, адибону фаъолон, омӯзгорон ва донишҷӯёну муҳассилини мактабҳои олӣ ва миёнаи пойтахт иштирок намуданд. Нахуст меҳмонону иштирокчиёни ҳамоиши мазкур аз намоиши китобҳо, ки дар даромадгоҳи Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуданд.
Дар оғози ҳамоиш муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон суханронӣ намуда, ҳозирин ва кулли сокинони пойтахро аз номи мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хоса Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати ин санаи пурифтихори таърихи навини давлатдории Тоҷикистон, ки самараҳои неки даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбанд, табрику шодбош гуфтанд.
Зикр гардид, ки арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи ҷонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб рафта, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардад. Забон, ҳамчунин воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд.
Маврид ба зикр аст, ки 12 сол муқаддам, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд.
Чорабинӣ бо барномаи бошукӯҳи ҳунарӣ ҷамъбаст гардида, устодони ҳунар ва санъаткорони ҷавони пойтахт бо пешниҳоди дастагули мусиқии иборат аз савту навоҳои дилнишин, шеъру тарона, рақсҳои ҷаззоб ва сурудҳои тараннумкунандаи ваҳдату дӯстӣ, забону сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон, хотири иштирокдорони чорабиниро болида намуданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед