ЭЪЛОН: ИТТИЛОИЯ
Бо мақсади пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо хизматрасонии нақлиётӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон дар ин замина муътадил гардонидани вазъи молиявии корхонаҳо ва ширкатҳои нақлиётӣ, Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон”, роҷеъ ба баланд намудани тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе чунин иттилоъ медиҳад.
Дар давоми 3 соли охир, парки корхонаҳои коммуналии наќлиётии шаҳри Душанбе бо харидории автобусу троллейбусҳои муосир пурра азнавсозӣ гардида, дар заминаи ин ивазкунии баъзе аз хатсайрҳои амалкунандаи микроавтобусӣ ба хатсайрҳои автобусию троллейбусӣ ба роҳ монда шуд.
Дар 9 моҳи соли 2021 ҳаҷми мусофиркашонӣ дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе тариқи нақлиёти калонҳаҷм (автобус-троллейбус) 65,2% мусофиргардиш 55,9% ва ин нишондиҳанда дар ҷамъиятҳои нақлиётӣ (микроавтобус) мутаносибан 34,8% ва ё 44,1%-ро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки маротибаи охир, ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе дар соли 2011, дар автобусҳо барои як мусофир 1,20 (як сомонию бист дирам), троллейбусӣ 0,70 (ҳафтод дирам) ва микроавтобусӣ 1,60 (як сомонию шаст дирам) муқаррар гардида, давоми 10 сол роњкиро хатсайрҳои автобусӣ ва микроавтобусї бетаѓйир фаъолият карданд. Танҳо дар хатсайрҳои троллейбусӣ давоми 10 сол як маротиба баландшавии ҳаққи роҳкиро аз 0,70 (ҳафтод дирам) то 1,00 (як сомонӣ) амалӣ гардидааст.
Дар ин муддат болоравии арзиши нархи сӯзишворӣ ва равѓанњои молиданї 110%, қисмҳои эҳтиётӣ ва таркибии воситањои наќлиёт 90-110%, ќувваи барќ 300%, нархи воситаҳои нақлиёт инчунин пардохти андозу фондҳо ва маоши миёнаи амалкунандаи кормандон нисбат ба соли 2011 ба маротиб зиёд гардидааст, ки корхона ва ширкатњои мусофирбарии нақлиётӣ хароҷотњои худро рўйпуш карда наметавонанд ва боиси қарздории онњо гардида истодааст. Њарчанд корхонањои коммуналии наќлиётї љињати муътадил гардонидани вазъи молиявиашон мунтазам таи солњои охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи имкониятњои љойдошта маблаѓгузорї карда мешаванд вале он басанда набуда, зарурияти тағйир додани нархномаи роҳкиро ба миён омадааст.
Аз ҳамин лиҳоз, дар асоси хулосаи шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 06 октябри соли 2021, №233 ва мурољиати корхонањои коммуналии наќлиётї ва ширкату љамъиятњои мусофиркашонї тибқи фармоиши Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” №11/и, аз 10 ноябри соли 2021 ҳамчун сохтори ваколатдори соҳа, ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои як мусофир ба таври ғайринақдӣ тавассути автобусҳо 1,80 (як сомонию ҳаштод дирам) ва тариқи кортҳои яксафара (ду сомонию панҷоҳ дирам), троллейбусҳо ба таври ғайринақдӣ 1,50 (як сомонию панҷоҳ дирам), ва тариқи кортҳои яксафара (ду сомонӣ), микроавтобусҳо 2,50 (ду сомонию панҷоҳ дирам) ва барои интиқоли як мусофир-километр тавассути воситаҳои нақлиёти кироякаш (таксӣ) 3,00 (се сомонӣ) муқаррар гардидааст.
Муассисаи давлатии коммуналии
“Душанбенақлиётхадамотрасон”-и
шаҳри Душанбе