ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №637 АЗ 03.11.2021

03 Ноябри 2021, Чоршанбе

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш 600мм, воқеъ дар кӯчаи Б. Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

 Бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш  600мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 600мм дар кӯчаи Б. Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси  мактуби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» аз 26 октябри  соли 2021, №1/597, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»    

                                                                 ҚАРОР  МЕКУНАМ:

  1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардида оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш 600мм, воқеъ дар кӯчаи Б. Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.
  2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино: 

       - шаҳракҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104 ва 112;

       - маҳаллаҳои Зарафшоон 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Деҳи боло, Буни Ҳисорак, Панҷруд, Лучоби боло ва поён, Қазоқон 1 ва 2, Ободкорон, Бунёдкорон, Зафар, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Авул 1 ва 2; 

        - кӯчаҳои Б. Ҳамдам, А. Навоӣ, Б. Ғафуров, Н. Махсум, Шамсӣ, А. Сино ва Баҳовуддинов аз соати 08-00 то соати 22-00 рӯзи 4 ноябри соли 2021 қатъ мегардад.         

  1. Раиси ноҳияи Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
  2. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.
  3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                                                     Рустами   Эмомалӣ

Илова кунед