ЭЪЛОН: МУВАҚҚАТАН ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ИНТИҚОЛИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР БАЪЗЕ МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

03 Ноябри 2021, Чоршанбе

    ш.Душанбе. 03.11.2021. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иттилои сокинон ва меҳмони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ ва барқарорсозии таҷҳизоту иншоотҳо, интиқоли об аз соати 08:00 то соати 22:00-и санаи 4 ноябр қатъ мегардад.

    Аз шаҳрвандоне, ки дар шаҳракҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104 ва 112, маҳаллаҳои Зарафшоон 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Деҳи боло, Буни Ҳисорак, Панҷруд, Лучоби боло ва поён, Қазоқон 1 ва 2, Ободкорон, Бунёдкорон, Зафар, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Авул 1 ва 2, кӯчаҳои Б. Ҳамдам, А. Навоӣ, Б. Ғафуров, Н. Махсум, Шамсӣ, А. Сино ва Баҳовуддинов зиндагӣ мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки обро захира намоянд.

  Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 03 ноябри соли 2021 №637 раиси ноҳияи Сино, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе муваззаф гардиданд, ки дар ин давра бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд. 

 

Илова кунед