Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҚАННОДӢ ВА ҲАЛВОПАЗӢ ДАР ПОЙТАХТ

04 Ноябри 2021, Панҷшанбе

      ш.Душанбе. 04.11.2021. Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 01 ноябри соли 2021 №624, даври шаҳрии фестивали қаннодӣ ва ҳалвопазӣ баргузор гардид.   

Дар чорабинӣ роҳбарияту намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо ва намояндагони корхонаву ширкатҳои қаннодӣ ва ҳалвопазии пойтахт иштирок намуданд.   

   Нахуст меҳмонону иштирокчиёни фестивал аз номоиши навъҳои гуногуни маҳсулоти қаннодӣ, ки дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” аз ҷониби чор ноҳияи пойтахт ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуда, ба намунаҳои беҳтарини онҳо баҳои баланд доданд.

   Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одиназода Дилшод суханронӣ намуда, зикр карданд, ки фестивали мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли корхонаҳои саноатии пойтахт, беҳтар намудани сифати истеҳсолоти ватанӣ, иҷрои банди 8 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки санаи 30 декабри соли 2020 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, инчунин ҷиҳати  иҷрои ҳамин банди ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2021, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2 феврали соли 2021, №50 тасдиқ гардидааст, гузаронида мешавад. 

    Миллати тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бои фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст. Бахусус дар бахши омодасозии шириниву қаннодиҳо бонувони тоҷик маҳорати баланди кадбонугӣ дошта, хони идонаи ҷашнҳои миллии тоҷиконро бидуни шириниҳои гуногуни болаззати омоданамудаи занону духтарони тоҷик тасаввур намудан ғайриимкон аст. Мардуми тоҷик дар омодасозии маҳсулоти қаннодию ҳалвопазӣ таърихи куҳан дошта, дар тӯли ҳазорсолаҳо то имрӯз ташаккул ёфта истодааст. Анъанаи омодасозии шириниҳои миллатамон бо зарфиятҳои хоси худ, бахусус аз лиҳози усули омода намудан ва истифодаи навъҳои гуногуни маҳсулот дар ҷаҳон беназиранд. Шириниҳои тоҷикон бо гуногунии худ, ки навъҳои мухталиф, аз қабили хамирӣ, ширӣ, мевагӣ ва ғайраро дар бар мегиранд, аз ҳамдигар тафовут доранд. Ин аст, ки фарҳанги омодасозии ғизоҳои миллиамон, ҷузъе аз анъанаҳои фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон мебошад. Санъати омодасозии шириниҳои миллӣ, бахусус ҳалво, кулчақанд, нишолло ва монанди инҳо дар байни сокинон шуҳрати хоса дошта, санъати тайёр намудани он дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳн гардидааст.

    Баъд аз санҷишу азназаргузаронӣ ғолибони озмуни мазкур муайян карда шуда, дар фазои тантанавӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе диплому сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. 

 

 

Илова кунед