ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №649 АЗ 05.11.2021

05 Ноябри 2021, Ҷумъа

Дар бораи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои банди 83 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2021, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 декабри соли 2020, №677 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, моддаҳои 2 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”

                                                                  ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1.  Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замима тасдиқ карда шавад.
  2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.
  3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рўзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                               Рустами Эмомалӣ

Илова кунед