ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №635 АЗ 02.11.2021

02 Ноябри 2021, Сешанбе

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба татбиқи «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи  то соли 2030»

 Бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои устувор ва шароитҳои зарурӣ ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №166 «Дар бораи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»

                                                               ҚАРОР    МЕКУНАМ:

  1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тибқи замима тасдиқ карда шавад.
  2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои соҳтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои зикргардида тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  3. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи нақшаи мазкур муқаррар гардида, ҳамасола то 1 январ оид ба рафти иҷрои он ахборот пешниҳод намояд.
  4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

 

                                                                                                      Рустами Эмомалӣ

Илова кунед