Тоҷикӣ

ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ НАВСОЗӢ ДАР ПОЙТАХТ

15 Ноябри 2021, Душанбе

 
  ш. Душанбе. 15.11.2021 Давоми солҳои охир дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтааст, ки миёни онҳо корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ низ ҷойгоҳи хоса дорад. Дар ин замина гурӯҳи корхонаҳои «АРЧА» дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намуд. Дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва соҳибкорону муассисони корхона ширкат намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, гурӯҳи корхонаҳои истеҳсолии «АРЧА» асосан ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ машғул буда, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешови миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ҳамеша талош мекунад. Дар ин корхона маҳсулоти сохтмонии хушсифат ба монанди дару тиреза ва дигар масолеҳи чӯбин, рангубори ороишӣ, тахтасангҳо ва амсоли он истеҳсол карда мешавад.
  Ҳоло дар гурӯҳи корхонаҳои «Арча» корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои байниҳуҷравӣ бо истеҳсоли 500 навъи чунин маҳсулот ва фарогирии 100 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли мебел бо барориши 800 намуди он ва 60 ҷойи корӣ ва Корхонаи муштаракаи тоҷикиву туркии «Силкоут Бойя» бо истеҳсоли 40 намуди ранг ва 50 ҷойи корӣ шомил мебошад. Дар корхонаҳои болозикр маҳсулоти ба талаботу стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ истеҳсол гардида, метавонанд дар ин самтҳо маҳсулоти воридотиро иваз намоянд. Имрӯзҳо маҳсулоти корхонаҳои «АРЧА» дар нуқтаҳои фурӯш, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат қарор доранд, ба муомилот пешниҳод шудааст. Дар баробари ин, ширкат фурӯши маҳсулоти худро дар бозорҳои беруна ба роҳ мондааст. Фаъолияти чунин корҳонаҳои истеҳсолӣ барои рушди истеҳсолот, пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкорӣ дар ҳудуди мамлакат шаҳодат медиҳад. Зеро дар асоси сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хоса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушди ин бахшҳо дар шаҳр таъмин гардидааст.
Имрӯз инчунин дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ як гулгашти нав мавриди истифода қарор дода шуд. Ин амал дар заминаи корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар ҳудуди ноҳия роҳандозӣ шудааст. Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ бо корҳои ободониву харрамгардонии ин гулгашт шинос шуданд. Ҷойи таъкид аст, ки дар ҳудуди гулгашт роҳравҳо, нишасткурсиҳо барои сокинон ва намудҳои гуногуни дарахтони ороишиву сояафкан шинонида шудааст, ки зебоии ин минтақаро таъмин намудаанд. Сокинони биноҳои атрофи ин майдони зебову сарсабз аз он қаноатманданд, ки дар ҳудуди шаҳраки онҳо чунин мавзеи фароғатӣ созмон дода шудааст.
  Ин гулгашт аз ҷониби сохторҳои ноҳиявӣ бунёд гардида, ба масоҳати 1096 метри мураббаъ сафолакпӯш ва 1115 метри мураббаи он мумфарш гардидааст. Инчунин дар ҳудуди он 153 бех дарахти каталпа, 86 бех сосна, 47 бех можжевелник шинонида шудаанд, ки ҳоло шукуфоии онҳо сарсабзии ин гӯшаи шаҳрро таъмин намудаанд. Низоми обёрии гулгашт дар масоҳати 1982 метри тулонӣ роҳандозӣ гардидааст. Илова бар ин, 26 адад нишасткурсӣ дар гулгашт гузошта шуда, 125 адад чароғҳо шабона равшании онро таъмин менамоянд. Гуфта мешавад, ки чунин корҳои ободонӣ барои боз ҳам назаррабо гардидани гӯшаву канори шаҳри Душанбе мусоидат мекунад. Дар оянда низ чунин тадбирҳои созандагӣ ташкилу роҳандозӣ мегардад.
 

Илова кунед