Тоҷикӣ

МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16 Ноябри 2021, Сешанбе

   ш.Душанбе. 16.11.2021. Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Кохи Суруши пойтахт, маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳо, голибону иштирокчиёни фаъоли даври шаҳрӣ, омӯзгорону волидайни иштирокчиён иштирок намуданд.
   Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ баромад намуда, ҳозиринро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ҳамчунин иброз доштанд, ки дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳои муҳиме ҳастанд, ки ба номи шахсиятҳои барӯманди он зич алоқаманд буда, аҳамияти онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ мавриди арҷгузорӣ қарор мегиранд. Барои миллати тоҷик санаи 16 ноябр аз ҷумлаи чунин санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз маҳсуб меёбад. Таърих гувоҳ аст, ки ҳанӯз зимни гузоштани қадамҳои нахустини мустақилона давлати навбунёди Тоҷикистон ва мардуми шарифи тоҷик ба имтиҳони сахту сангин рӯ ба рӯ гашт. Хизмати таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи басо душвору сангин аз он иборат аст, ки маҳз он кас ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифтанд, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуданд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис доданд.
Зикр карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои илму маориф ва фарҳангро, ки рукни муҳими рушду инкишофи ҷомеа маҳсуб меёбад, дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар пешрафти њамаљонибаи он таваљљуњи хоса зоҳир менамоянд.
   Ба тасвиб расидани амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фуруғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад.
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-43 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 апрели соли 2021, №221 ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рузҳои 2 – 12 ноябри соли ҷорӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорон, ходимони илм. калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуд.
   Қайд бояд кард, ки дар даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз чор ноҳияи пойтахт, 260 нафар, аз он ҷумла 133 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи уммуӣ, 69 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳислоти миёна ва олии касбӣ, 4 нафар аспиранту докторан ва 54 нафар омӯзгорон, кормандон , калонсолон ва намояндагони касбу кор гуногун ширкат намуда, дар доираи талаботҳои муқарраргардидаи озмун вобаста ба аз бар намудани осори назмию насрии адибони классик ва муосири тоҷик, осоришифоҳии халқи тоҷик, адабиёти бачагона, осори адибони ҷаҳон ва истеъдоди эҷодӣ дар бахши назму наср ва дигар мавзуҳои вобаста ба васфи Ватан, дӯстиву бародарӣ, хайру эҳсонкорӣ, ишқи поки инсонӣ, тараннуми ваҳдату сулҳу субот ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушду ободии Ватан маҳорат ва малакаи худро нишон доданд.
Дар натиҷаи холгузории ҳайати ҳакамон 63 нафар иштирокчиён аз руи номинатсияҳо бо ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла, 11 нафар бо ҷойи якум, 26 нафар бо ҷойи дуюм ва 26 нафар бо ҷойи сеюм сазовор гардида, бо диплому мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.
   Ҳамзамон 33 нафари дигари довталабон бинобар холҳои баландро сазовор гардидан бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор нафароне, ки дар ташкилу баргузории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” саҳм гузоштаанд, бо сипоснома ва мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
   Дар охир баҳри болидахотирии иштирокчиён ва меҳмонон, барномаи фарҳангии лабрез аз тараннуми ватану меҳан, ишқу муҳаббат ва садоқат ба ватану Президенти кишвар, пешкаш гардид.

Илова кунед