ИТТИЛОИЯ

19 Ноябри 2021, Ҷумъа

   ш.Душанбе. 19.11.2021 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо пешниҳоду дархостҳо ва ибрози андешаи як зумра олимону нависандагони кишвар дар робита ба кӯчонидани Хона-музейи адиб, олим, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин Президенти Академияи илмҳо ва қаҳрамони Тоҷикистон - Садриддин Айнӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ намуданд.
  Вобаста ба масъалаи мазкур дастур доданд, ки Хона-музей бартараф карда нашуда, нигоҳдошти минбаъдаи он таъмин карда шавад.
  Ҳамчунин, ба сохторҳои дахлдор супориш додаанд, ки гирду атрофи осорхона ободу зебо нигоҳ дошта шуда, мунтазам корҳои сабзкориву гулзоркунӣ амалӣ карда шавад.

Илова кунед