ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, РОҲНАМОИ ҲАР ЯК СОКИНИ МАМЛАКАТ
ш.Душанбе. 29.11.2021. Мулоқоти навбатии гурӯҳи таблиғотӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, роҳбаряти «Телевизиони Душанбе» ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ДМТ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа, ҳивзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои 30 соли истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми сарвари давлат ба Маҷлиси олии мамлакат аз мақсадҳои дигари мулоқот буд. Тавре дар вохӯрӣ аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр шуд, бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар пойтахт давоми 5 соли охир 29 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд шудаанд, ки онҳо дорои имкониятҳои муосири таълим мебошанд. Илова бар ин, аксари таълимгоҳҳо аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин шудаанд. Дар ин давра 5 боғ бунёд ва 5 боғи мавҷуда дар қаламрави шаҳр пурра навсозӣ гардида, 258 майдонча сохта шудааст, ки истифодаи самараноки он масъулияти шаҳрвандии мо аст. Ҳамингуна дар тамоми бахшу соҳаҳо даствардҳо назарасанд, ки самараи истиқлоли давлатии кишвар мебошанд. Вобаста ба нишондодҳои барномавии Паёми сарвари давлат ба Маҷлиси олӣ низ ҳозирин баромад намуда, таъкид доштанд, ки он моҳияти созандагӣ ва барномавӣ дошта, амалӣ намудани он аз ҷониби сохтору мақомоти марбута барои рушду пешрафти кишвар заминаи мусоид мегузорад.
Дар идомаи мулоқоту вохӯриҳои судманд аъзоёни гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ин навбат бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ намояндагони сохторҳои гуногуни шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, андешаҳои хешро перомуни пешрафти ҷомеа, алалхусус тарғиби тарзи ҳаёти солим, маданияти шаҳрнишинӣ ва амали гардонидани муқаррароти қонунҳои қабулгардида ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар самти беҳдошти ҳифзи мухити зист, раванди ободониву бунёдкориҳо, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истифодаи боманфиати шабакаҳои иҷтимоӣ ва тозагии гирду атроф баён намуданд. Дар мулоқот иброз гашт, ки ҳар як сокини кишварро зарур аст, бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар татбиқи ҳамаҷонибаи Қонунҳои қабулгардида саҳмгузор бошад. Гуфта шуд, ки Паём сухани самимии Пешвои миллат барои хар як ҳамватан пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рӯшди давлатдории тоҷикон мебошад. Дар доираи манфиатҳои миллӣ мустақилона муайян гардидани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар тавасути ироаи Паёми Президенти кишвар ба маҷлиси Олӣ ва дар симои он ба тамоми мардуми кишвар амалӣ мегардад, ки дар ҳақиқат як тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихи халқи тоҷик мебошад.Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳояшон қайд менамоянд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо Истиқлоли давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст. Яъне насли имрӯз бояд шахсони бомаърифат бофарҳанг, эҷодкор, номбардори миллати қадима ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гарданд. Дар идома гуфта шуд, ки падидаҳои номатлубе, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин рӯз аз рӯз авҷ гирифтани терроризму эктремизм дар рӯи ҷаҳон мебошад ва ин гурӯҳҳои ифротгаро бештар ҷавонони бе илму камсаводро ба коми хеш мебаранд. Дар ин замина, иштирокдорон бо такя ба суханҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми иштирокдорон расониданд, ки ҳар ҷавони бомаърифати тоҷик бояд пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна гурӯҳҳо шомил нагарданд ва бо масъулияти баланд барои ояндаи хеш саҳми арзанда гузоранд. Бояд гуфт, ки дар Донишкадаи Исломӣ наздик ба 750 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, устодони ботаҷриба аз рӯи забонҳои гуногун аз қабили русӣ, англисӣ ва арабӣ ба ин нафарон дарс меомӯзонанд. Дар фароварди мулоқоти навбатӣ аз ҷониби устодону донишҷӯён ба аъзои гурӯҳи корӣ суолу пешниҳодҳо дода шуд, ки масъулин ба онҳо посухҳои мушаххас доданд.