ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭҶОДИЁТИ БАДЕИИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОНИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ-“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ” 350 НАВРАСИ ЭҶОДКОРУ БОИСТЕЪДОДРО ДАР ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИТТИҲОД-ШАҲРИ ДУШАНБЕ САРҶАМЪ НАМУД
07 Декабри 2021, Сешанбе
ш. Душанбе. 07.12.2021. Субҳи имрӯз дар Кохи “Суруш”-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ-“Шукуфаҳои пойтахт” бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо, сохторҳои шаҳрӣ ва кӯдакону наврасони соҳибистеъдоду эҷодкори пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ба иштирокдорони Фестивал паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ироа намуд. Мавсуф зимни суханронӣ аз ҷумла қайд намуд, ки “Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ-“Шукуфаҳои пойтахт” бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдоди ҷумҳурӣ ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, омӯзиш ва эҳтиром ба таъриху фарҳанг, адабиёту санъат, арҷгузорӣ ба тамаддуни ҳамдигарӣ, дар ин замина мусоидат намудан дар муаррифӣ ва рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас ва муаррифии имконоти шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 гузаронида мешавад.
Зимнан таъкид карда шуд, ки дар “Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-«Шукуфаҳои пойтахт» ҳайатҳои эҷодии кӯдакону наврасон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо намояндагӣ аз халқу миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистон, аз ҷумла арманҳову русҳо, туркманҳою узбекҳо ва қирғизҳо ширкат намуда, бо ҳамсолони эҷодкори худ аз марказҳои эҷодиву таҳсилоти иловагӣ ва студияву ансамблҳои бачагонаи шаҳри Душанбе, дар саҳнаҳои бузурги муассисаҳои фарҳангии пойтахт дар бахшҳои рақсу овозхонӣ, навозандагӣ ва хониши бадеӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Тибқи барномаи Фестивал, ки панҷ рӯз, аз 6 то 10 декабри соли ҷориро дар бар мегирад, иштирокдорони он дар баробари ширкат дар бахшҳои интихобии Фестивал, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасон”-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор мегардад, инчунин аз боғҳои истироҳативу фароғатӣ, осорхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангиву таълимии пойтахт дидан намуда, дар кори Форуми II байналмилаии “Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон”, ки санаи 9 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад, ширкат менамоянд.
Дар назар аст, ки дар рӯзи пушидашавии Фестивал галаконсерти иштирокчиёни он шоми 9 декабр дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор гардад.
Лозим ба зикр аст, ки Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-«Шукуфаҳои пойтахт» ҳамоиши байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакону наврасон буда, он бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 ноябри соли 2021, №676 «Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-«Шукуфаҳои пойтахт» рӯзҳои 6-10 декабри соли ҷорӣ, ташкил ва гузаронида мешавад.
Фестивали байналмилалӣ тавонист 350 нафар кӯдакону наврасони эҷодкору соҳибистеъдоди кишварро дар пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-шаҳри Душанбе сарҷамъ орад.
Дар идомаи маросими ифтитоҳи расмии “Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-«Шукуфаҳои пойтахт» кӯдакону наврасони кишварҳои узви ИДМ аз ҷумла, Россия, Белорусия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра тариқи мазоҷӣ ба ҳамсолони худ паёми шодбошӣ ироа намуда, барои иштирокдорони Фестивал барор таманно намуданд. Дар идома барои ширкаткунандагони чорабинӣ барномаи идонаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.