ВОХӮРИИ СУДМАНД БО МУҲАССИЛИНИ КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ МУҲАММАД ОСИМӢ
07 Декабри 2021, Сешанбе
ш.Душанбе. 07.12.2021. Бо мақсади иҷрои талаботи Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба тарғиби маданияти шаҳрниршинӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, густариши корҳои ободонӣ, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи корӣ дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯён доир гардид. Аз ҷумла зимни баромади муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр гардид, ки пайваста аз тарафи гурӯҳҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳама гӯшаву канори пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, донишгоҳу донишкадаҳо доир ба фарҳанги шаҳрнишинӣ, одоб ва маърифатнокии ҷавонон, тарбияи дурусти насли наврас, ба амалҳои номатлуб даст назадани ҷавонон гузаронида мешавад. Дар идома ҳамзамон дар баланд бардоштани сатҳи худогоҳии ҷавонону наврасон ва дар замири онҳо тақвият бахшидани меҳри ватандӯстиву меҳанпарастӣ низ иброз гардид. Инчунин гуфта шуд, ки Истиқлолият аз ҷумлаи неъматҳои бехтарин ва дастоварди арзишманди миллати тоҷик аст, ки бо талошу заҳматҳои пайгиронаи сарвари давлат ва мардуми шарифи кишвар ба он ноил гардид. Аз ин рӯ зарур шуморида шуд, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат, хосса ҷавонон ба арзишҳои он эҳтироми хоса дошта бошанд. Зеро дар ин замина дар кишвари маҳбуби мо сулҳу суботи сартосарӣ таъмин гардида, пояҳои давлатдорӣ устувор шуд. Аз ин хотир аз омӯзгорони Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ даъват карда шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт миёни ҷавонон густариш диҳанд, зеро он оворагию саргардонӣ ва харобкориеро, ки миллати тоҷик дар аввали солҳои 90-уми қарни гузашта аз сар гузаронид ҳоло аз ҳотираҳо дур нарафтааст.
Зимни суханронӣ қайд гардид, ки Истиқлоли миллӣ шарафу номуси миллати озодихоҳ, рамзу саодат, соҳибихтиёрии миллӣ, нишонаи пойдориву бақои миллат аст. Аз он ифтихор менамоем, ки халқи мо бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибихтиёрии давлат ва рушду камоли онро таъмин намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ ҳисобида, ҷомеаи навини демократии ҳукуқбунёд ва адолатпарварро бунёд карда истодааст.