Тоҷикӣ

МАРОСИМИ РАСМИИ ПӮШИДАШАВИИ СОЛИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ “ДУШАНБЕ - ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИТТИҲОД-2021” ВА ГАЛАКОНСЕРТИ ИДОНА БО ИШТИРОКИ АҲЛИ ҲУНАРУ САНЪАТ АЗ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ

18 Декабри 2021, Шанбе

ш.Душанбе. 18.12.2021. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими пӯшидашавии соли эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” баргузор гардид.

Дар маросими расмии пӯшидашавии соли эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Фонди байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, корпуси дипломатӣ, роҳбарияти вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, олимону адибон, кормандони касбу кори гуногун ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Меҳмононро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар даромадгоҳи Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо меҳмоннавозии хоси тоҷикӣ истиқбол намуданд.

Дар даромадгоҳи театр аз ҷониби масъулин намоиши китоб ва растаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили заргарӣ, чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, кулолгарӣ, чубтарошӣ, мисгарӣ ва дигар намудҳо ташкил шуда буд ва меҳмонон аз ҳунари волои мардуми тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Нахуст ба иштирокчиёни чорабинӣ филми кутоҳмуддати “Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳод - 2021”, ки бозгӯи навовариву дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодии пойтахт, бахусус дар солҳои охир мебошад, намоиш дода шуд.

Сипас муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон ҳамаи меҳмонону иштирокдорони чорабиниро аз номи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ хайрамақдам гуфта, доир ба аҳамияти барномаи байнидавлатии пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод сухан кард.

Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, шарафёб шудани шаҳри Душанбе дар соли 2021 ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳод боиси ифтихор ва сарбаландии на танҳо сокинони он, балки тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

Дар соли таърихӣ ва ҷашнӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ин унвон сарафроз шудани пойтахт барои сокинон масъулияти баланд буда, дар соли ҷорӣ дар пойтахт таҳти роҳнамоиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ, як қатор тадбирҳои фарҳангиву маърифатӣ, ки баҳри муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик мусоидат менамояд, баргузор карда шуданд.

Аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳр ҳамчун рамзи эҳтиром ва дӯстиву рафоқати сокинони Душанбе ба ҷониби Қаракули Қирғизистон, ки дар соли 2022 унвони пойтахти фарҳангии Иттиҳодро соҳиб гардидааст, туҳфаҳои рамзӣ ва хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар идомаи чорабинӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Жумаханов Бекетжан  Махаджанович баромад намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бахусус Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дар соли 2021 дар сатҳи баланд ва зарурӣ амалӣ намудани барномаи байнидавлатии “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод” изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” санаи 21 марти соли ҷорӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардида,  аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Жумаханов Бекетжан ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов Сертификати эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супорида шуда буд

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои татбиқи барномаи байнидавлатии “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” таҳия гардида, дар робита ба он дар ин давра беш аз 300 чорабинии мухталифи байналмилаливу сатҳи миллии фарҳангӣ, мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмӣ-адабӣ, фестивалу озмунҳо, аз ҷумла тариқи  маҷозӣ гузаронида шуда, як қатор муассисаҳои фарҳангӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ёдгориҳои таърихӣ таъмиру таҷдид карда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод”, яке аз лоиҳаҳои калидии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, бо мақсади муаррифии фарҳангу тамаддун, имкониятҳои сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими ҳарчӣ бештари зарфиятҳои фарҳангии давлатҳои мазкур ҳамчун майдони зеҳнию эҷодӣ, ғояи фазои ягонагии фарҳангӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо роҳандозӣ карда шудааст.

Дар идомаи чорабинии мазкур баҳри болидахотирӣ дастагули мусиқӣ иборат аз суруду таронаҳои дилангез, ки аз ҷониби устодони санъати кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қирғизистон, Молдова, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон омода шуда буд, пешкаши меҳмонону иштирокдорони барнома гардонида шуд.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои меҳмонон аз кишварҳои узви ИДМ барномаи фароғатӣ - сайёҳӣ низ ташкил гардидааст, ки дар доираи он давоми ду рӯз ташрифи онҳо ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, Қалъаи Ҳисор ва дигар мавзеъҳои сайёҳии пойтахт дар назар дошта шудааст.

 

 

Илова кунед