Тоҷикӣ

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ИНШООТ ВА МАРКАЗҲОИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ПОЙТАХТ

31 Декабри 2021, Ҷумъа

 
ш.Душанбе. 31.12.2021. Бо роҳнамоиҳои роҳбарияти Олии мамлакат ва ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар пойтахт бинову иншоот ва коргоҳҳои гуногун ба истифода дода шудаанд, ки барои таъмини ҷойҳои нави корӣ мусоидати фаъол менамоянд. Ин навбат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе якҷанд иншоот ба истифода супорида шуд. Дар ин доира роҳбарият ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ бинои маркази маъмурӣ ва хизматрасонии 9-ошёна, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 48а-и ноҳияи Фирдавсиро мавриди истифода қарор доданд. Фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ “Хако Интер Прайз” буда, дар ошёнаи якуми бино толори фурӯши мошинҳои Шкода ҷойгир карда шудааст. Мошинҳои ин толор бо нархи дастрас аз Федератсияи Русия ворид карда мешаванд.
Дар ин доира ҳамчунин бинои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бино масоҳати 17600 метри мураббаъро дар бар гирифта, фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ «Закия» маҳсуб меёбад. Иншооти мазкур дар доираи нишондоди лоиҳаи он бунёд шудааст ва тавре иттилоъ дода шуд, дар бунёди ин бино масолеҳи босифати сохтмонӣ истифода шудааст. Бояд гуфт, ки дар доираи тадбирҳои созандагӣ ва бунёдкории роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди истиқомат баҳри сокинон ин биноиҳои истиқоматӣ бунёд шудаанд.
Дар кучаи соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ низ аз ҷониби ҶДММ “Нури Шамс” бинои бисёрошёна бунёд шудааст. Масоҳати умумии бино 28 ҳазору 500 метри мураббаъро дар бар гирифта он бо ҷойгиронии марказҳои савдою хизматрасонӣ дар ошёнаи якум ва таваққуфгоҳ дар таҳхона сохта шуда, тамоми шароити зарурӣ барои истиқомати сокинон фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаи якуми бино қисми оташнишонии Раёсати хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар кучаи Фучик 25 мағозаи фурӯши лавозимоти сохтмонӣ ва техникаҳои замонавӣ аз ҷониби ҶДММ “Асбоб” ба фаъолият оғоз кард. Мағозаи мазкур дар доираи дастгирии соҳаи соҳибкори бо шароитҳои замони нав ба истифода дода шуда, тибқи иттилоъ молҳои ин мағоза бо сифати туркӣ истеҳсол ва ворид мегарданд. Дар мағозаи мазкур 10 нафар ба кор ҷалб гардидаанд. Масоҳати умумии ин мағоза 420 метри мураббаъро дар бар гирифта, соҳибкори ватанӣ нақша дорад дар оянда шумораи чунин мағозаҳоро бештар карда дар таъмини ҷойҳои нави корӣ саҳм гузошта, ба сокинон молҳои хушсифатро дастрас намояд.
 

Илова кунед