ПАЁМ - РОҲНАМОИ МО
ш.Душанбе. 24.01.2022. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 60-и ноҳияи Сино вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат доир гардид. Бо мақсади мусоидат дар рушди ҷомеа, вусъати корҳои созандагӣ ва фароҳам намудани шароит ҷиҳати саҳмгузории кормандони касбу кори гуногун ва сокинони пойтахт дар амалӣ гардидани ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинони шаҳраки 11, маҳалаҳои Дӯстӣ, Мовароунаҳр ва Ҳаёти нави ноҳияи Синои пойтахт доир гардид. Зимни баромади гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ишора ба Паём зикр гардид, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад. Дар ин ҷода, дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад. Аз ҷумла дар ин давра музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфт. Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион то 9,8 миллион нафар, яъне 1,8 баробар зиёд гардид ва соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар мерасад. Дар даврони истиқлолият барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зиёда аз 315 ҳазор мутахассисони равияи омӯзгорӣ, аз ҷумла 115 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр карда шудааст. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 129 ҳазор нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Таъминнокии муассисаҳои таълимии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, дар маҷмӯъ, 98,7 фоизро ташкил медиҳад.