Тоҷикӣ

ИДОМАИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО ҶИҲАТИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТ

24 Январи 2022, Душанбе

ш.Душанбе. 24.01.2021. Дар мулоқоти навбатӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Сарвари давлат, рохбарони зерсохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳисоби занону бонувон ва фаъолзанон иштирок намуданд. Зимни баромади худ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки шарҳу тавзеҳи ин санади раҳнамо дар асоси наќшаи мулоќоту вохурихои рохбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар сохтору идораҳои гуногун идома дорад. Дар Паёми имсола Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки чиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид. Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3 хазору 240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Инчунин зимни баромади иштирокчиён ќайд карда шуд, ки дар Паёми имсола Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ќайд намуданд: мо талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олии давлат қабул ва амалӣ карда мешаванд. Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд.
Хамчунин гуфта шуд, ки нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ, занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
 

Илова кунед