Тоҷикӣ

ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО КОРМАНДОНИ КВД “ОБУ КОРЕЗИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ” ВОБАСТА БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ

24 Январи 2022, Душанбе

ш.Душанбе. 24.01.2022. Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дастури муҳим ва раҳнамунсоз барои ҳар як сокини кишвар, алал хусус наврасу ҷавон маҳсуб ёфта, ҳар як шахси ватандӯстро водор месозад, ки дар рушди минбаъдаи ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши сазовор дошта бошад, таъкид гардид зимни суханронии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода бо кормандони КВД “Обу корези шаҳри Душанбе”. Мавсуф дар идомаи суханронии хеш саҳми беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешрафт, ободию шукуфоии кишвар, дастгирию ғамхориҳои ҳамешагиашон нисбат ба табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла наврасону ҷавонон ва маъюбону камбизоатон ёдовар шуда, ҳозиринро баҳри содиқ будан ба кору пайкорашон, даъват намудани аҳли ҷомеа ба илмомӯзӣ, дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ даъват намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба масоили рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, густариши фазои инноватсионӣ ва дигар бахшҳои калидӣ ишораҳои махсус зоҳир намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Зимни суҳбат вобаста ба самтҳои Паём, эълон гардидани солҳои 2022-2026, “Солҳои рушди саноат”, инчунин зиёд гардидани маоши ҳадди ақал ва нафақаи ятимону маъюбон ба мардум шарҳ дода шуд.
Инчунин дар идома дигар иштирокдорон низ сухан намуда, зикр карданд, ки сарвари давлат дар Паёми навбатии худ пеш аз ҳама дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, иқтисодиёт ва инкишофи соҳаи тандурустӣ, дастгирии давлатии ҷавонон ва бонувони лаёқатманд, фароҳам овардани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин дигар масъалаҳои муҳиму созандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
 
 

Илова кунед