ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО НАМОЯНДАГОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТИИ ПОЙТАХТ, ВОБАСТА БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР
28 Январи 2022, Ҷумъа
ш.Душанбе. 28.01.2022. Бо мақсади мусоидат дар рушди ҷомеа, вусъати корҳои созандагӣ ва фароҳам намудани шароит ҷиҳати саҳмгузории кормандони касбу кори гуногун ва сокинони шаҳри Душанбе дар амалӣ гардидани ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятии пойтахт дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур доир гардид. Зимни баромади хеш муовини якуми Раиси шаҳр Душанбе Табарзода Ҷамшед бо ишора ба паём зикр намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишварро зарур аст, то фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, тамоми имкониятҳоро барои ошкор намудани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва қочоқи маводи мухаддир сафарбар намоянд. Бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуктаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз намоянд, онро боз ҳам ободу зебо гардонанд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Инчунин зимни баромади иштирокчиён қайд гардид, ки бо таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр зина ба зина заминаи моддию техникӣ ва ҳайати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт беҳтар гардида, шароити хуби кору фаъолият барои кормандони ин ниҳоди қудратӣ фароҳам шудааст. Мушоҳида ва таҳлилҳои охир нишон медиҳад, ки кормандони милитсия муҳофиз ва ҳомии халқу ватан будани худро бештар собит намуда, бо мардум дар ҳама бахшҳо ҳамкории судманд дорад. Ҷидду ҷаҳт ва саъю кӯшиши ҳар як корманди мақомоти милитсияи пойтахт ба он равона гардидааст, ки ҳифзи тартиботи ҷамъяитӣ ва амнияти шаҳрвандон дар сатҳи баланд таъмин гардида, субботу оромӣ дар кишвар, махсусан шаҳри Душанбе пойдор ва кифили пешравию рушди устувори кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол гардад.
![](https://dushanbe.tj/storage/news/January2022/272820325_302711275170900_7026661519310846993_n.jpg)
![](https://dushanbe.tj/storage/news/January2022/272572064_302710718504289_5933651526253097776_n.jpg)
![](https://dushanbe.tj/storage/news/January2022/272826802_302710758504285_4963870860107152787_n.jpg)
![](https://dushanbe.tj/storage/news/January2022/272364184_302711248504236_4007572565811533551_n.jpg)
![](https://dushanbe.tj/storage/news/January2022/272985525_302711148504246_8792150518680015808_n.jpg)
![](https://dushanbe.tj/storage/news/January2022/272702412_302711078504253_5676786268184880736_n.jpg)
![](https://dushanbe.tj/storage/news/January2022/272454798_302710975170930_6313802456566392869_n.jpg)
![](https://dushanbe.tj/storage/news/January2022/272873574_302710885170939_3287523463582748011_n.jpg)
![](https://dushanbe.tj/storage/news/January2022/272817165_302711245170903_4431600936711985210_n.jpg)