ИШТИРОКИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “БАРОБАРӢ, ГУНОГУНРАНГӢ ВА ФАРОГИР: ОБ МОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД”
12 Феврали 2022, Шанбе
11 феврали соли 2022 Академияи султонии илм ва эътимоди байналмилалӣ (RASIT) дар ҳамкорӣ бо якчанд кишварҳои узви СММ Конфронси байналмилалӣ таҳти мавзӯи “Баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогир: об моро муттаҳид мекунад”-ро, баргузор намуданд.
Созмондиҳандагони асосии Конфронси мазкурро кишварҳои Кипр, Кения, Лубнон, Малта, Марокаш, Филиппин, Лаҳистон, Португалия, Қатар, Руанда, Словакия, Словения, Испания,Тоҷикистон ва як қатор ниҳодҳои СММ ташкил карданд.
Мавзӯи асосии чорабинии зикршуда - “Баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогир: об моро муттаҳид месозад” буда, дар қисми ифтитоҳии он Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, Президенти иҷлоси 76-уми МУ СММ Абдулло Шоҳид ва як чанд сарони давлату ҳукуматҳои кишварҳои узви СММ, аз ҷумла президентҳои кишварҳои Словения, Кипр, Португалия, Малта, Юнон, Эквадор, инчунин Хонуми аввали Лаҳистон, роҳаброни ҳукумати Сан Марино, вазирони корҳои хориҷии Испания ва Бутан, вазирони соҳавии Ҷумҳурии Корея ва Латвия иштирок ва суханронӣ карданд. Ҳайати Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ муаррифӣ карданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар дар баромади худ аз мушкилиҳои соҳаи об дар ҷаҳон гуфта, аҳаммияти нақши ҷомеаи ҷаҳониро дар пешгирии ин раванд ва тақвият бахшидан ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, ба вежа Ҳадафи шашуми рушди устувор таъкид кард. Ӯ инчунин оид ба нақши занону духтарон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар ҳаллу фасли мушкилиҳо глобалӣ сухан гуфта, аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ин мавзӯъ ёдовар шуд.
Дар баробари ин, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз пешбарии масъалаи баробарии гендерӣ дар ҳошияи Раванди оби Душанбе гуфта, ба алоқамандии масъалаҳои об ва гендерӣ таваҷҷуҳи вежа зоҳир кард. Дар ин хусус, ӯ оид ба баргузори Форуми махсус оид ба занон ва об дар доираи Конфронси дуввуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028(6-9 июни соли 2022,ш.Душанбе) иттилоъ дод. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр карданд, ки Форуми мазкур барои муҳокимаи васеътари масъалаҳои об аз нуқтаи назари гендерӣ ва пурзур намудани нақши занон дар пешбарии масъалаҳои об платформаи иловагиро ташкил хоҳад кард. Ӯ умедоворӣ аз он намуд, ки натиҷаҳои чорабинии имрӯза, Форуми Занон ва оби Конфронси Душанбе барои тақвият бахшидани пешрафт дар самти ноилшавӣ ба баробарии гендерӣ дар бахши об, ҷалби занону духтарони соҳаи илм дар татбиқи Рӯзномаи 2030 ва Конфронси 2023 саҳми назаррас мегузорад.