ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №67 АЗ 16.02.2022
Дар бораи баргузор намудани II – юмин Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам» бахшида ба таҷлили ҷашни 29 солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади иҷрои банди 10 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2022, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2021, №791 тасдиқ гардидааст, инчунин ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ташвиқу тарғиб, рушду инкишоф ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
- Аз 17 то 22 феврали соли 2022 II – юмин Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам» бахшида ба таҷлили ҷашни 29 солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.
- Нақшаи чорабиниҳо, тартиби баргузорӣ, кумитаи тадорукот, низмномаи мусобиқаҳо ва харҷномаи фестивал тибқи замимаҳои 1, 2, 3, 4 ва 5 тасдиқ карда шаванд.
- Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе тибқи замимаи 4 барои гузаронидани Фестивал маблағи 105590 (яксаду панҷ ҳазору панҷсаду навад) сомонӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
- Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани чорабинии мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
- Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе”, ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар рӯзҳои баргузории чорабинии мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории чорабинии мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
- Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ