ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №21 АЗ 26.01.2022
Дар бораи гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмӣ
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №174 “Дар бораи Тартиби гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмӣ”, инчунин беҳдоштӣ ва ҳифзи саломатии омма, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, паразитарӣ, заҳролудшавӣ ва умумӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва моддаи 7 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №174 “Дар бораи Тартиби гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмӣ” мавриди иҷро қарор дода шавад.
- Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати саривақт ва ба пуррагӣ аз муоинаҳои тиббии ҳатмӣ гузаронидани кормандони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, марказҳои савдову хизматрасониҳо, бозору тарабхонаҳо, марказҳои варзишиву дилхушӣ, нақлиётҳои ҷамъиятӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва дигар корхонаҳое, ки бевосита ба хизматрасонии аҳолӣ машғуланд новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон дар муассисаҳои тиббии вобасташудаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намоянд.
- Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе вазифадор карда шавад: - дар муассисаҳои тиббии вобасташуда ҷиҳати босифат ва ба пуррагӣ гузаронидани ҳамаи муоинаи мутахасиссон ва таҳлилҳои заруриро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд; - ҷиҳати ташкили гурўҳи сайёр баҳри гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмӣ дар мавқеи ҷойгиршавии ташкилоту муассисаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ чораандешӣ намояд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкурро тариқи васоити ахбори омма таъмин намоянд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ