ИДОМАИ САФАРИ РАСМИИ РАИСИ ШӮРОИ ФЕДЕРАТСИЯИ МАҶЛИСИ ФЕДЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ МУҲТАРАМ ВАЛЕНТИНА МАТВИЕНКО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1224 хонанда шинос шуданд.
Муассисаи таълимӣ дар доираи татбиқи «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019 оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳилоти миёнаи умумӣ бо забони русӣ барои 1224 ҷойи нишаст дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода» бунёд мегардад.
Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муҳтарам Валентина Матвиенко тавассути видеоконференсия бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии дигар, ки дар доираи ин созишнома бунёд мегарданд, шинос шуданд.
25 феврали соли 2022 ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко ба муассисаи давлатии «Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Дар муассисаи мазкур айни замон 1880 хонанда таҳсил гирифта, ба онҳо 106 омӯзгори соҳибтаҷриба таълиму тарбия медиҳанд. Аз ҷумла дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи «Омӯзгори россиягӣ дар хориҷа» дар литсей-интернат 5 омӯзгори россиягӣ ба хонандагон дарс меомӯзанд.
Зимни боздид аз Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муҳтарам Валентина Матвиенко бо ҷараёни машғулиятҳо дар синфхонаҳои фаннӣ, инчунин шароиту имкониятҳои таълимию илмомӯзӣ шинос шуда, бо як қатор омӯзгорони Федератсияи Россия, ки дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи «Омӯзгори россиягӣ дар хориҷа» дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он фаъолият менамоянд, суҳбат анҷом доданд.
Нимаи дуюми рӯзи 25 феврали соли 2022 Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони эҳтиром ба арзишҳои волои миллӣ, таърих ва фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар ин маросим муҳтарам Валентина Матвиенкоро намояндагони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд.