Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №89 АЗ 25.02.2022

25 Феврали 2022, Ҷумъа

Дар бораи баргузор намудани Чемпионати Осиё оид ба кураш ва 3-юмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба «Гӯштингирӣ» байни мардон ва бонувон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт»  бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз - 2022

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М:

  1. Чемпионати Осиё оид ба кураш ва 3-юмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба «Гӯштингирӣ» байни мардон ва бонувон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» аз 17 то 22 марти соли 2022  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз – 2022 баргузор карда шавад.
  2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳайати кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқаҳо тибқи замимаҳои №1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
  3. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.
  4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт тибқи замимаи 3 харҷнома барои гузаронидани чорабиниҳо маблағи 2000000 (ду миллион) сомониро бо дарназардошти андозҳо ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
  5. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи иҷтимоӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо кумитаи тадорукот, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи миллии «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин варзишгарони кишварҳои хориҷӣ ва варзишгарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  6. Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини асбобҳои пахши садо ва ташкили барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон дар ҷойҳои баргузории мусобиқаи зикргардида тадбирҳои мушаххас андешад.
  7. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои беҳдоштӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
  8. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
  9. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
  10. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

Илова кунед