ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №91 АЗ 28.02.2022
Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалисозии «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026»
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №566 «Дар бораи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалисозии «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» тибқи замима тасдиқ карда шавад.
- Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалисозии нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатии соҳаи тандурустӣ ва бо ҷалби сармояҳои шарикон оид ба рушд таъмин намуда, ҳар нимсола аз натиҷаи он ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намоянд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкурро тариқи васоити ахбори омма таъмин намоянд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ