Тоҷикӣ

ЭЪЛОН: ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ХАТСАЙРҲОИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

28 Феврали 2022, Душанбе

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз санаи  1-уми марти соли 2022, ҷиҳати  интиқоли муcофирон аз минтақаҳои шаҳр то Маркази савдои “Кӯшониён” ба нақшаи ҳаракати хатсайри автобусии №41 (дарвозаи Ғарбӣ - бозори Кӯшониён) аз самти маркази савдои “Балх”, тавассути хиёбонҳо ва кӯчаҳои Н. Ганҷавӣ, Ҷ. Расулов, Б. Ғафуров, Н. Махсум, А. Навоӣ, Карамов, Ҳ. Шерозӣ то маркази савдои “Кӯшониён” ва хатсайри микроавтобусии №19 (маҳаллаи Пахтакор - боғи Хайём) аз самти маҳаллаи Пахтакор тавассути кӯчаҳо ва хиёбонҳои Борбад, Шестопалов, Маяковский, С. Шерозӣ, А. Сино, М. Шерализода, Н. Ҳувайдуллоев, И. Сомонӣ, Ҳ. Шерозӣ то маркази савдои “Кӯшониён” тағйирот ворид карда шуд.

Ҳамзамон, ҳамарӯза аз маркази савдои “Кӯшониён” хатсайри автобусии №29 (Маҳаллаи Пахтакор - бозори Кӯшониён), хатсайри автобусии №33 (Фурӯдгоҳи кӯҳна - бозори Кӯшониён), инчунин хатсайрҳои микроавтобусии №12 (кӯли “Чорбоғ”- МТМУ №61), №21(кӯчаи Гагарин -(ҳалқавӣ)), №52 (Терминали дарвозаи ҷанубӣ - бозори “Кӯшониён” ва №53 (кӯли “Чорбоғ”- НФС “Газпром”) ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ менамоянд.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии хатсайрҳои автобусии муосири ватанӣ ва хатсайрҳои микроавтобусии болозикр истифода баранд.

 

 

 

 

 

Илова кунед