Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №96 АЗ 02.03.2022

02 Марти 2022, Чоршанбе

Дар бораи баргузор намудани Форуми III байналмилалии “Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ”

Бо мақсади ташвиқу тарғиби ғояҳои созандагии Иди байналмилалии Наврӯз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, ҷалби сайёҳон, саромоягузорӣ, рушди имкониятҳои соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ, инчунин иҷрои банди 15-и Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2022, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2021, №791 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

 ҚАРОР МЕКУНАМ :

  1. Форуми III байналмилалии “Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” 21 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
  2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми ІІІ байналмилалии “Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ”, ҳайати кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии баргузории он тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
  3. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани форуми мазкур бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ тадбирҳо андешанд.
  4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 499093 (чорсаду наваду нӯҳ ҳазору наваду се) сомонӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи харҷномаи замимаи 3 ҷудо намояд.
  5. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқаррагардида таъмин намояд.
  6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе”, рӯзномаи “Паёми Душанбе” қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.
  7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

Илова кунед