Тоҷикӣ

МАРОСИМИ ПӮШИДАШАВИИ ИҶЛОСИЯИ 6-УМИ МАҶМААИ УМУМИИ “ФОРУМИ РАИСОНИ ШАҲРҲОИ ОСИЁ”

10 Марти 2022, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 10.03.2022. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими пӯшидашавии Иҷлосияи 6-уми Маҷмааи умумии “Форуми раисони шаҳрҳои Осиё” бо иштироки роҳбарони ҳайатҳои расмии хориҷӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва дигар иштирокчиён баргузор гардид.
Дар оғози рӯзи дуюми иҷлосия муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ташрифи ҳамаи меҳмонон ва иштирокчиёни иҷлосияи мазкурро ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хайрамақдам гуфта, зикр карданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд барои рушду густариши робитаҳо дар ҳама самту соҳаҳо миёни бародаршаҳрҳо заминаи мусоид фароҳам месозад.
Дар идомаи кори ҷаласа иштирокдорон вобаста ба мавзӯъҳои “Беҳтарсозии шаҳрӣ” ва “Саломатии шаҳрӣ” суханронӣ намуда, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ вобаста ба мавзӯҳои болозикр маърӯза карданд.
Яке аз мавзӯъҳое, ки дар бахши аввали ҷаласаи мазкур мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифт, ин “Беҳтарсозии шаҳрӣ” ба ҳисоб мерафт. Бояд гуфт, ки фаъолияти мунтазами сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе яке аз самтҳои афзалиятнок ба хисоб рафта, ин масъала ҳамеша зери назорати доимӣ қарор дорад. Дар ҷаласа баҳри ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳо аз ҷумла сохтмону азнавсозии роҳҳо, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва дигар бахшҳо иштирокдорон тариқи маҷозӣ баромад намуда.
Қайд бояд кард, ки дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ, пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо шумораи зиёди шаҳрҳои кишварҳои бузург ҳамкории бародаршаҳриро бароҳ мондааст. Иштирокдорони чорабинӣ изҳори боварӣ намуданд, ки Иҷлосияи шашуми Маҷлиси умумии “Форуми раисони шаҳрҳои Осиё” ҷиҳати муттаҳид намудани талошҳои роҳбарони шаҳрҳо барои роҳандозии иқдоми боз ҳам фаъолтар ва андешидани чораҳои заруриву муносиб саҳми сазовор хоҳад гузошт.
Дар фарҷоми чорабинӣ Эъломияи Душанбеи Иҷлосияи 6-уми Маҷмааи умумии “Форуми раисони шаҳрҳои Осиё” қабул карда шуда, бо ҳамин иҷлосия кори худро анҷом дод.
 
 

Илова кунед