Тоҷикӣ

ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТ ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ БАЛАНД БАРГУЗОР НАМУДАНИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

14 Марти 2022, Душанбе

ш.Душанбе. 14.03.2022. Дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, нахустин маротиба Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ байни наврасон, ҷавонон, калонсолон, бонувон ва шахсони имконияташон маҳдуди кишварҳои минтақаи Осиё баргузор карда мешаванд.
Вобаста ба ин, имрӯз бо роҳбарии раиси кумитаи тадорукот, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабинии болозикр, ҷаласаи ҳайати кумитаи тадорукот баргузор гардид.
Мақсад аз баргузор намудани мусобиқаи мазкур ин омода намудани варзишгарони муваффақ ва дарёфти чеҳраҳои нав барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи баланд, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишии варзишгарон, муаррифии фарҳангу тамаддун, имкониятҳоии сайёҳӣ ва оммавияту солимгардонӣ мебошад.
Роҳбари кумитаи тадорукот дар баромади худ қайд намуданд, ки ин навбат низ, бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқа, Қарори дахлдор аз санаи 05 марти соли 2022, №98 ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба тасвиб расида, тибқи он вазифаҳо барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабинӣ ба масъулин пешниҳод карда шудааст. Аз ин рӯ, аз ҳар яки мо талаб карда мешавад, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани чорабинӣ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, баҳри амалӣ намудани дустуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ чораҳои саривақтӣ андешем.
Хотиррасон менамоем, ки бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз 25 то 29 марти соли 2022 дар роҳҳои шаҳри Душанбе ва шоҳроҳи Душанбе-Рӯдакӣ-Хуросон-Бохтар-Душанбе, Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ байни наврасон, ҷавонон, калонсолон, бонувон ва шахсони имконияташон маҳдуди кишварҳои минтақаи Осиё баргузор карда мешавад.
 

Илова кунед