ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАҲТИ УНВОНИ «ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МЕРОСДОРИ АНЪАНАҲОИ НАВРӮЗӢ»
16 Марти 2022, Чоршанбе
ш.Душанбе. 16.03.2022. Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2022, ки бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон-Пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ» оғоз гардид, ки он то 19-уми март идома меёбад. Дар заминаи нақша-чорабиниҳои Фестивал иштирокчиён нахуст дар фазои тантанавӣ дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузоштанд.
Сипас дар толори Осорхонаи Миллии Тоҷикистон Ҳамоиши шаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Пешвои миллат мояи ифтихор ва саодату сарҷамъии мо ҷавонон» бо иштироки Муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раиси Федератсияи мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо, гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, донишҷуёни хориҷии пойтахт, ғолибони олимпиадаҳои фаннии байналмиллалӣ ва ҷавонони фаъол баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиши мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбарм суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҷавонон ворис ва давомдиҳандаи иқдоми неки наслҳои шарафманди Тоҷикистон буда, дар тарбияи насли наврас, пешрафту тараққиёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, бедории ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва номуси ватандорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ва муаррифии он дар ҷаҳони мутамадин метавонад саҳми боризе гузоранд. Инчунин масъулини дигари сохтору идораҳо дар мавзуҳои «Нақши Пешвои миллат дар раванди ҷаҳонишавии Наврӯз», «Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат-мактаби бузурги тарбияи худшиносии насли ҷавон», «Дастгирии давлатии ҷавонон омили муҳими расидан ба ҳадафҳои созанда» ва ғайраҳо баромад намуданд. Дар доираи барномаи Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон – Пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ» дигар чорабиниҳо низ ба нақша гирифта шудааст.