САФАРИ ҲАЙАТИ БАРОДАРШАҲРИ КЛАГЕНФУРТ БА ШАҲРИ ДУШАНБЕ
22 Марти 2022, Сешанбе
ш.Душанбе, 21.03.2022. Бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати шаҳри Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия таҳти сарварии муовини раиси шаҳри Клагенфурт, сарпарасти самти робитаҳои хориҷӣ - Адоис Долинар бо мақсади иштирок дар Форуми 3-юми байналмилалии "Наврӯзи Душанбе-меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ" ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ба ҳайати мењмонони австриягї ҳамчунин Бернҳард Ерлер-роҳбари Намоишгоҳҳои вилояти федералии Каринтияи Чумҳурии Австрия ва Ева Янитса - роҳбари Хадамоти ташрифотии шаҳрдории Клагенфурт шомил мебошанд.
Тазаккур бояд дод, ки соли ҷорӣ 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия, инчунин 50-солагии барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Клагенфурт таҷлил мегардад.
Дар ҳошияи сафар 22 марти соли 2022 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷ.Т. бо ҳайати шаҳрдории Клагенфурт таҳти сарварии муовини Раиси шаҳри Клагенфурт Адоис Долинар ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурномаи робитаҳои ҳамкории бародаршаҳрҳо - Душанбе ва Клагенфурт дар чаҳорчӯбаи санадҳои мавҷудаи ҳамкорӣ мавриди гуфтугӯ қарор дода мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳайати шаҳри Клагенфурт тайи се рӯз баробари иштирок дар Форуми 3 - юми байналмилалии “Наврӯзи Душанбе-меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” ва Фестивали 4-уми байналмилалии “Наврӯз-мероси фарҳангию сайёҳӣ”, ҳамзамон бо дастовардҳои шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуда, бо роҳбарону намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтору ниҳодҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон - Олмон вохӯриву мулоқотҳо анҷом дода, аз Нерӯгоҳи барқи обии "Норак", МД "Осорхонаи миллии Тоҷикистон", Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" боздид мекунанд ва бахшида ба 50 - солгарди истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия, ҳамчун рамзи дӯстии шаҳрҳо ва мардумони онҳо дар Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангию фароғатии "Ҷавонон" ниҳол мешинонданд.
Маврид ба қайд аст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Австрия таърихи тӯлонӣ дошта, имсол ҷонибҳо 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрияро ҷашн мегиранд.
Лозим ба таъкид аст, ки ширкатҳои хусусии австриягӣ дар татбиқ ва азнавсозии як қатор лоиҳаҳо азими энергетикӣ ва коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар шаҳри Душанбе фаъолона иштирок менамоянд.
Дар рушду таҳкими муносибатҳои миёни ду кишвар саҳми шаҳрҳои Душанбе ва Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия, ки шурӯъ аз соли 1972 робитаҳои бародаршаҳриро ба роҳ мондаанд ва имсол аз он 50 сол пур мешавад, басо назаррас ва арзанда маънидод мегардад.
Дар доираи робитаҳои шарикӣ 4 октябри соли 1989 аз ҷониби шаҳрдории Душанбе дар шаҳри Клагенфурт чойхонаи тоҷикӣ сохта шуда, ҳамчун рамзи дӯстӣ ба мардуми бародаршаҳри Австрия тақдим гардидааст.
Яке аз саҳифаҳои намоёни таърихи муносибатҳои бародаршаҳрии миёни Душанбе ва Клагенфурт табодули ҳайатҳо дар сатҳи олӣ ба шумор меравад. Соли 1996 сафари Раиси шаҳри Душанбе ба Клагенфурт ва ташрифи ҷавобии Бургомистри шаҳри Клагенфурт ба Душанбе ба вуқӯъ пайваста аст, ки дар таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан муфиди ин шаҳрҳо такони ҷиддӣ бахшид.
Борҳо ҳайатҳои фарҳангии шаҳри Душанбе дар Клагенфурт ва Клагенфурт дар Душанбе бо барномаҳои ҳунарӣ баромад кардаанд.
Моҳи майи соли 2018 бошад, гурӯҳи калони соҳибкорони Австрия ба Душанбе ташриф оварданд, ки дар натиҷа як силсила созишномаҳои ҳамкорӣ бо ҷалби сармояи Австрия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Душанбе ба имзо расиданд.
Дар маҷмӯъ, дар доираи санадҳои мавҷудаи робитаҳои шарикӣ миёни намояндагони соҳаҳои гуногуни ду бародаршаҳр шурӯъ аз соли 1972 беш аз 75 маротиба сафарҳои мутақобила ва мубодилаи афкори тарафайн сурат гирифтааст.
Сафари ҳайати шаҳрдории Клагенфурт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то 24 марти соли 2022 давом мекунад.