Тоҷикӣ

ДАР ДУШАНБЕ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ОҒОЗ ГАРДИД

25 Марти 2022, Ҷумъа

ш.Душанбе. 25.03.2022. Имрӯз бо ташабуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ оғоз гардид.

Қайд бояд намуд, ки дар мусобиқа 428 намоянда аз 27 давлати ҷаҳон иштирок хоҳан кард.

Чемпионат мазкур миёни ҷавонони то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, калонсолон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд доир мегардад. Умуман, дар доираи чорабинӣ, дар 6 масофа 18 мусобиқа миёни мардҳо ва бонувон ба нақша гирифта шуда, дар рӯзи аввали чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ аз рӯи намудҳои мусобиқаи даставӣ, мардҳо (24км), мусобиқаи даставӣ, занҳо (24км), мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳои имконияташон маҳдуд (24км) ва мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳои имконияташон маҳдуд (24км; 15км) баргузор мегарданд

Тазакур бояд дод, ки дар рӯзи аввали мусобиқаи даставӣ миёни мардҳо дар масофаи (24км) ҷои аввал насиби намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон, зинаи дуюм насиби намояндагони Ҷумҳурии Муғулистон ва ҷои сею насиби намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон гардид.

26 март

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо, U-23 (24км)

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо, ҷавонон (24км)

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳо, ҷавонон (15км)

27 март

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо (24км)

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳо (24км)

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳо, U-23 (24км)

28 март

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, U-23 (130км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, ҷавонон (111км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, ҷавонон (61км)

29 март

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо (175км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо (111км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, U-23 (111км)

30 март

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ (111км)

 

 

 

Илова кунед