ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №143 АЗ 05.04.2022
Дар бораи баргузор намудани даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №РП-154 аз 3 феврали соли 2022 ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи ба моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
- Ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва ҳисобномаи хароҷотии баргузории даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
- Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати баргузории озмун чораҳои дахлдорро амалӣ намоянд.
- Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар шаҳри Душанбе муқаррар гардида, якҷо бо ҳайати комиссия ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор ва ҷамъбаст гардидани озмун чораандешӣ намоянд.
- Даври якум ва дуюми озмун тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №РП-154 аз 3 феврали соли 2022 тасдиқ гардидааст, ташкилу баргузор карда шавад.
- Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе тибқи замимаи 2 ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои сарфарозгардонии ғолибони озмун ва хароҷоти вобаста ба он маблағи 898605 (ҳаштсаду наваду ҳашт ҳазору шашсаду панҷ) сомонӣ ҷудо намояд.
- Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти маблағи ҷудогардидаро тибқи тартиб таъмин намояд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти озмунро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
- Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ