ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №178 АЗ 14.04.2022
Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022-2026»
Бо мақсади мукаммалгардонии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, рушду инкишоф ва таъмини оммавияти варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар, инчунин баҳри ташаккули шахсияти солим, ҳифзу беҳдошти саломатии сокинони пойтахт ва таъмини варзишгарони шаҳри Душанбе дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №568 «Дар бораи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 - 2026 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии он тибқи замимаи 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози амалисозии Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026 муайян карда шавад.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳар сол то 10 январ доир ба корҳои анҷомдодашуда ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба корҳои анҷомдодашуда гузориш пешниҳод намоянд.
Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дар соли 2022 ва солҳои минбаъда, ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷет маблағҳои заруриро барои амалисозии Барнома пешбинӣ намояд.
Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022 – 2026 қабул намуда, амалигардонии онро таъмин намоянд.
Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ